Бо ҷоиза ба Тоҷикистон: кори синамогарони тоҷик дар ҷашнвораи “Авруосиё“ баҳои баланд гирифтанд

Ҷашни бузурги синамо дар Маскав садҳо дастандаркорони бахшро аз кишварҳои мухталиф ба ҳам овард. Синамогарони Тоҷикистон низ баробари дигар ҳамтоёнашон дар қолинҳои сурх қадамгузорӣ карданду осорашонро пешиҳод намуданд. Тоҷикистонро коргардонҳо - Муҳиддин Музаффар бо филми “Дов“ ва Пайрав Шарифов бо филми “Сарчашма“ намояндагӣ карданд. Ҷашнвора чӣ гуна гузашт ва барои чӣ филмсозони тоҷик ҷоиза гирифтанд - дар видеои мо бубинед.
Back to Top