ПОДПОЛКОВНИК БАЙЗО ҶАЛОЛОВ, ПИСАРИ ГЕНЕРАЛИ ТОҶИК АБДУҶАМОЛ ҶАЛОЛОВ КУШТА ШУД
Подполковник Байзо Ҷалолов, фарзанди генерал-майори тоҷик Абдуҷамол Ҷадолов, ки дар саффи артиши Русия хидмат мекард, кушта шудааст.
Дар ин бора рӯзи 20 августи соли 2023 аз морг ё мурдахонаи ЮВО, ҳавзаи ҳарбии ҷанубии артиши Русия, ки дар шаҳри Ростови лаби Дон ҷойгир шудааст, хабар додаанд.
Дар ин морг асосан ҷасадҳои ҳарбиёни дар қаламрави Украина кушташударо нигоҳ медоранд.
Генерал Абдуҷамол Ҷалолов рӯзи 21 август дар суҳбати кӯтоҳ бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” кушта шудани писарашро тасдиқ кард, вале аз ироаи тафсилоти кай, чӣ гуна ва дар куҷо кушта шуданаш худдорӣ кард. Ӯ тасдиқ кард, ки писараш аз тарафи Русия меҷангид, вале нагуфт, ки дар куҷо?
Тафсилоти дигар дар бораи марги подполковник Байзо Ҷалолов дар даст нест.
Абдуҷамол Ҷалолов солҳои тӯлонӣ дар милитсия кор карда, дар солҳои 90 сардори БДА ВКД Тоҷикистон буд. Баъди рафтан аз ин мақом генерал Шералӣ Хайруллоев, вазири вақти мудофиаи Тоҷикистон Абдуҷамол Ҷалолов ба вазорати мудофиа овард ва сардори раёсати кадрҳо таъйин кард. Ӯ дар ҳамин мақом соҳиби унвони генералӣ шуд ва баъди ба нафақа баромаданаш ба Маскав кӯчид ва ҳамроҳи аҳли хонаводааш дар онҷо ба сар мебурданд.
Подполковник Байзо Ҷалолов дастикам нафари дуюм аз пайвандони генералҳои тоҷик аст, ки дар ҷанги Украина кушта мешаванд.
Қаблан хабар дода будем, ки дар шаҳри Жукови вилояти Калугаи Русия ба шарафи зодаи Тоҷикистон ва сокини ноҳияи Жуков Аслам Файзиев, ки дар ҷанги Украина кушта шуд, дар канори роҳ як транспарант ё лавҳаи ёдгорӣ насб кардаанд. Аслам Файзиев набераи генерали марҳуми тоҷик Зуфар Мирбобоевич Файзиев, сардори собиқи ситоди кул ё Генштаби артиши Тоҷикистон ва яке аз асосгузорони артиши кунунии ин ҷумҳурӣ буд.