Гурӯҳи Моҳбону – Моро бас! / گروه ماه بانو - ما را بس

Ҳамчу хуршед ба олам назаре моро бас, Нафаси гарму дили пуршараре моро бас! Ханда дар гулшани гетӣ ба гуларзонӣ бод, Ҳамчу шабнам ба ҷаҳон чашми таре моро бас! Гарчӣ донам ки муяссар нашавад рӯзи висол, Дар шаби ҳиҷр умеди саҳаре моро бас! Агар аз дидаи кӯтаҳназарон уфтодем, Нест ғам сӯҳбати соҳибназаре моро бас! Дар ҷаҳоне, ки набошад зи касе ному нишон, Қудсӣ аз гуфтаи шевоасаре моро бас! Шеъри: Қудсии Машҳадӣ Сарпараст ва оҳангсоз: Маҷид Дурахшонӣ Месароянд: гурӯҳи Моҳбону – Хурӯш Халилӣ ва Саҳар Маҳмудӣ Коргардон: Носири Пӯиш
Back to Top