БУБИНЕД: Ҳоли муҳоҷирон дар боздоштгоҳ, огоҳии сафорат ва қаллобӣ вақти ’регистрация’
Ин ду ҷавон Аҳлиддин ва Ҷаҳонгир ном доранд. Тағояшон 22 апрел дар саҳифаи фейсбукии худ навиштааст, ки ин муҳоҷирони тоҷик на хоинанд ва на дузданду роҳзан. Гуноҳшон ҳамин аст, ки дар як ҷойе кор кардаанду корфармо пулашонро надодааст, то муҳлати иҷозатномаҳои корияшонро тамдид кунанд.
Онҳо дар ин боздоштгоҳи муваққатӣ аз ҳолу аҳволи худ қисса мекунанд.
Ба навиштаи муаллиф ин муҳоҷирон дар шаҳри Магнитогорск аз тарафи пулис боздошт шуданд ва ба идораи пулис бурда, онҳоро барои 5 сол депорт кардаанду баъди 10 рӯзи боздошт ба Тоҷикистон фиристода мешаванд. Агар аз рӯзи расонаӣ кардани ин навор ҳисоб кунем, ин ду ҷавон бояд ҳоло дар Тоҷикистон бошанд.
Дар ҳамин ҳол, Хадамоти муҳоҷират ва Сафорати Тоҷикистон дар Россия ба диққати муҳоҷирон мерасонанд, ки агар шаҳрвандон то 15 июн ҳолати будубоши худро дар қаламрави Федератсияи Россия қонунӣ накунанд, аз ҷониби мақомоти Россия ба таври автоматӣ депорт мешаванд.
Ҳамчунин, омадааст, ки баъд аз авф гардидани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии муҳоҷирон шикоят шудааст, ки як зумра шахсони манфиатдор ва қаллобон аз фурсат истифода намуда, аз шаҳрвандон барои гӯё барқарор намудани миграционная карта ва регистрация маблағҳои зиёд талаб кардаанд. Аз ин рӯ, мебояд, ки муҳоҷирон танҳо аз Хадамоти консулии Тоҷикистон ва мақомоти дахлдори Россия маълумот гиранд ва мустақилона ба шӯъбаҳои Хадамоти федералии муҳоҷирати Россия муроҷиат намоянд.
Муҳоҷирони муҳтарам мо низ хоҳиш мекунем худро то 15 июн ба қайд гиред ва барои огоҳӣ аз рӯйдодҳои рӯз ба канали мо обуна шавед.