Дирафши Ковиён
Дирафши Ковиён ҳамчун аввалин парчами тоҷикон, рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории халқҳои ориёинажод мебошад. Бо мурури замон калимаи дирафш дигар шуд ва имрӯз бо номи Парчам дар байни мардум пазируфта шудааст.
24 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи навбатии Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Парчами миллии Тоҷикистон қабул гардид, ки соли равон ба қабули он
24 сол пур мешавад. Ба ин муносибат хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Саъдӣ Маҳдӣ (Исматов), декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба маънии вожаҳои Парчам ва дирафши Ковиён ҳамсуҳбат шуд.
АМИТ «Ховар»: Оид ба сарнавишти дирафши Ковиёнӣ чӣ андеша доред? Маънои вожаи «дирафш» чист?
С. Маҳдӣ: Чун зулми Заҳҳок аз ҳад гузашт, Кова – косиби оҳангаре аз миёни меҳнаткашон бархост ва пешдомани чармини хешро бар сари найза кард ва мардумро ба қиёми зидди зулм даъват кард.
Дирафш, дурафш ё дарафш ва феъли дирафшидан ба маънои дурахшидан, барқ задан ва алвонҷ хӯрдан ҳамреша буда, бо вожаҳои дур(р)фишону дур(р)афшон таносуби шаклӣ дорад