БАЧАҲОЯТОНРО ГӮЕД, АЗ РУСИЯ ОМАДА, БА ХИДМАТ РАВАНД! БОЗДОШТИ ВОЛИДОНИ МУҲОҶИРБАЧАҲО ДАР ПАНҶАКЕНТ

Сокинони ҷамоати Моғиёни шаҳри Панҷакент ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар доданд, ки мақомоти ин минтақа чанд рӯз боз сокинонеро, ки писарашон дар Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд, барои аз хидмати ҳарбӣ гурезондани фарзандонашон боздошт кардаанд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони “Бомдод”, ин боздоштҳо тақрибан аз 20 ноябр оғоз ёфт ва дар байни як ҳафта тақрибан 15 нафар аз сокинони деҳаҳои Пушти Қӯрғон, Оби Борик, Пули Гирдоб, гузари Фонӣ, майдони Ғезани Болову Ғезани поён ва Сор, асосан падарони ҷавонони синну соли даъватиро бурда, дар шуъбаи милитсияи шаҳри Панҷакент маҳкам кардаанд. Ба онҳо амр додаанд, то ба фарзандони худ дар Русия занг зада, аз боздошти худ хабар бидиҳанд ва фарзандонашонро маҷбур кунанд, ки баргарданд ва ба хидмати ҳарбӣ бираванд.
Back to Top