تاجیکان متهمان تاریخ، قصیده موسیقی/ساختا
تاجیکان متهمان تاریخ، قصیده موسیقی/ساختا
Тозатарин таронаи Шафақи Сияҳпӯш
(Тоҷики Афғонистони)
Шеъри- (Лоиқ Шералӣ)
Ҷон ба қурбони ту, ай меҳани хунинкафанам,
Будӣ байтушшарафам, гаштаи байтулҳазанам.
Душманат чор тараф аҷнабию хонагиянд,
Тани танҳо ба чӣ нерӯ сафи аъдо шиканам?
Дӯст душманнасақу душмани ту дӯстнамост,
Рост гӯям, бипаронанд зи чашму даҳанам.
Тоҷик андар Ватани хеш чаро муттаҳам аст?
Ё хато рафта ба тоҷик таваллуд шуданам?
Ҳама халқони дигар анҷуман оростаанд,
Дар Самарқанд нашуд сохта ним анҷуманам...
Гуфт алломаи Иқбол, ки бархез зи хоб!
Буздиле гуфт: фулонист мухотаб на манам...
Он яке дар хуми тилло сари худ кард фурӯ,
Дигаре гуфт: биё маҳваши симинзақанам...
Он яке гуфт ғами гову бузу бузғола,
Дигаре гуфт ғами хонаву фарзанду занам...
Домани кӯҳ гирифтему думи маркаби хеш,
Рафт аз даст ҳама домани дашту даманам.
Эй Хуросон, ту бигу, соҳати Эронвиҷ ку?
Ман аз ин фоҷиа чун шиква ба Яздон накунам?
Ку дигар шаъшаъаи донишу фарҳанги бузург?
Ку дигар карру фару наъраи гулг