فیلم زندگینامه احمد ظاهر - Biography of Ahmad Zahir

Дуруди ҷони ҷонҳо - Аҳмад Зоҳир Ин филм зиндагиномаи Аҳмад Зоҳирро дарбар мегирад, ки бо садои падари раҳматиам, (Худованд биҳиштро насибашон гардонад), Султони Ҳамад сабт шудааст. Филм 18-уми июни соли 2016 –се сол қабл аз даргузашти ҷонгудозашон таҳия шудааст. 19-уми июни соли 2016 овозхонҳои шинохтаи тоҷик ба муносибати 70-солагии зодрӯзи ин хунёгари нотакрор дар Кохи бошукӯҳи Фарҳанги шаҳри Ҳисори бостонӣ консерт ташкил карда буданд ва худораҳматии қиблагоҳам чун дастовезе ба ин маҳфили созу суруд ин наворро омода карда буданд. Банда бо тарзи мултимедиа дар ҳаҷми 20 дақиқа аз рӯйи филмномаи падар аз зиндагиномаи Аҳмад Зоҳир таҳия кардам. Ин филмро дар ҳамон рӯз пеш аз оғози консерт манзури мухлисону ҳаводорони садои нотакрори Аҳмад Зоҳир кардем. Баъди се сол ин филмро аз бойгонӣ берун овардем ва ҳоло чун ёде аз Аҳмад Зоҳир ва пажӯҳишгари осори ин ҳунарманди нотакрор устод Султони Ҳамад пешкаши хонандагони сомонаи «Рӯзгор» менамоем. Аҳмадшоҳи Султон, «Рӯзгор»
Back to Top