Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати 33-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон
9 сентябри соли 2024
Ҳамватанони азиз!
Ҷашни барои ҳар як фарзанди Тоҷикистон муқаддасу мубораки 33-солагии истиқлоли давлатӣ фаро расид.
Ба ифтихори ин ҷашни бузурги миллӣ, ки дастоварди воқеан таърихӣ ва сарнавиштсоз мебошад, тамоми мардуми сарбаланди кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик мегӯям.
Аз ҷониби хурду бузурги мамлакат бо шукӯҳу шаҳомат ва бо хушҳоливу хурсандӣ таҷлил гардидани ҷашни истиқлол нишонаи возеҳу равшани он аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба қадри озодиву соҳибихтиёрӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мерасанд ва ба таърихи пурифтихор, тамаддуни бостонӣ, забон, фарҳанг, расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои миллии худ ҳамчун арзишҳои бебаҳову ҷовидонӣ эҳтирому арҷ мегузоранд.
Бо камоли ифтихору сарфарозӣ иброз медорам, ки расидан ба истиқлоли сиёсӣ ва таъсис додани давлати соҳибихтиёр бузургтарин, муқаддастарин ва муҳимтарин падидаи таърихи муосири халқи тоҷик мебошад.
Ин рӯйдоди беназир ҳамчун оғози таҳаввулоти бунёдӣ дар сарнавишти миллати бостонии тоҷик заминаи устувори худшиносии миллии мардуми моро фароҳам овард, ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва оғози ташаббусҳои созанда омили муттаҳидсоз гардид.
Истиқлолу озодӣ барои ҳар фарди Тоҷикистон арзиши муқаддастарин, сарвати гаронбаҳотарин ва сарчашмаи саодат ба ҳисоб меравад.
Имрӯз ба шарофати истиқлол давлати Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, кишвари азизи мо ба узвияти кулли созмонҳои бонуфузи дунё пазируфта шудааст.
Аз ин лиҳоз, қарзи инсонӣ ва вазифаи шаҳрвандии мост, ки ҳамеша шукронаи ин неъмати бебаҳоро ба ҷо оварем ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем...