Хонандаи бадрафтор муайян ва волидайн ба ҷавобгарӣ кашида шуданд!
Хонандаи бадрафтор муайян ва волидайн ба ҷавобгарӣ кашида шуданд!
Санаи 31-уми майи соли ҷорӣ дар як қатор сомонаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати аз синфхона рондани муаллимае аз ҷониби як нафар хонанда инъикос ёфтааст. Чуноне дар навор дида мешавад хонандаи муассисаи таълимӣ нисбати муаллимаи худ беҳурматӣ зоҳир намуда, ӯро бо як лаҳни тунд аз дари синфхона берун мекунад.
Нашри ин навор ва ҳолати бадрафториву беҳурматии хонанда нисбати муаллимаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои манфии зиёдеро ба миён оварда, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомоти милитсияи пойтахт дархост намуданд, ки нисбати ин хонандаи бадрафтор чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.
Вобаста ба ин, аз ҷониби роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе кормандони ботаҷрибаи самти оперативӣ ҷиҳати муайян намудани ҳодисаи мазкур сафарбар карда шуда, ҳамагӣ баъди 1-соати нашри навор муассисаи таълимӣ ва шахсияти хонанда муайян карда шуд.
Зимни санҷиш муайян гардид, ки ин амал аз ҷониби ноболиғ Ф.М. санаи таваллудаш .