Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият... Саъдӣ تن آدمی شریف است به جان آدمیت... سعدی

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият. Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият. Хӯру хобу хашму шаҳват шағаб асту ҷаҳлу зулмат, Ҳаявон хабар надорад зи мақоми одамият. Ба ҳақиқат одамӣ бош, в-агарна мурғ бошад, Ки ҳамин сухан бигӯяд ба забони одамият. Магар одамӣ набудӣ, ки асири дев мондӣ, Ки фаришта раҳ надорад ба макони одамият. Агар ин дарандахӯӣ зи табиатат бимирад, Ҳама умр зинда бошӣ ба равони одамият. Расад одамӣ ба ҷое, ки ба ҷуз Худо набинад, Бинигар, ки то чӣ ҳад аст макони одамият. Таярони мурғ дидӣ, ту зи пойбанди шаҳват, Бадар ой, то бубинӣ таярони одамият. На баёни фазл кардам, ки насиҳати ту гуфтам, Ҳар аз одамӣ шунидем баёни одамият. Шайх Саъдӣ تن آدمی شریف است به جان آدمیت نه همین لباس زیباست نشان آدمیت اگر آدمی به چشم است و دهان و گوش و بینی چه میان نقش دیوار و میان آدمیت خور و خواب و خشم و شهوت شغب است و جهل و ظلمت حیوان خبر ندارد ز جهان آدمیت به حقیقت آدمی باش وگرنه مرغ باشد که همین سخن بگوید به زبان آدمیت مگر آد
Back to Top