Дилшоди СБ (красавчик)-ро боздошт карда, ба Душанбе оварданд
❗️ Дилшод Саидмуродов, яке аз гумонбари асосӣ дар дуздиву куштори Шуҳрат Исматуллоев боздошт ва ба Душанбе оварда шуд.
Ин маълумотро як манбаъ аз мақомоти қудратии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс“ тасдиқ кард.
Дилшод Саидмуродов (Дилшоди “СБ” ё Дилшоди “Красавчик”) – ро мақомоти Тоҷикистон роҳбари гуруҳи ҷиноие медонанд, ки Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк”-ро рабуда ба қатл расонидааст.
Қаблан гуфта мешуд, ки ӯ баъди анҷом додани ҷиноят ба Русия фирор кардааст.
Ёдовар мешавем, ки Шуҳрат Исматуллоев 23-уми июни соли 2023 дар маркази пойтахти кишвар шаҳри Душанбе рабуда шуд.
Баъдтар Додситонии куллии кишвар иттилоъ дод, ки Шуҳрат Исматуллоевро як гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ рабудааст ва дар яке деҳаҳои ноҳияи Варзоб “бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ, электрошокер, автофен ва дигар таҷҳизотҳо таҳти шиканҷа қарор дода, ба қатл расонидаанд.”
Ба қавли ин ниҳод, ҷасади бонкирро ба дарёи Зарафшон партофтаанд.
@asiaplustоj