АБДУҲАФИЗ: МЕХОҲАМ ИХТИСОСАМРО БАЛАНД КУНАМ!

Абдуҳафиз, ки дар деҳаи дурдасти Панҷакент зиндагӣ мекунад, ба хотири идомаи кору зиндагӣ дар зодгоҳаш пешаи омузгориро интихоб кард. Кори омузгорӣ дар Тоҷикистон маоши чандон баланд надорад. Барои ҳамин Абдуҳафиз барои баланд кардани тахассусу маошаш таҳсилро идома медиҳад. Ҳар сол мисли Абдуҳафиз, ҳамсуҳбати авваламон садҳо ҷавонону духтарон коллеҷҳои омузгориву тиббии вилояти Суғд дар шаҳрҳои Хуҷанду Конибодому Панҷакентро бо маълумоти миёнаи махсус хатм мекунанд ва аксари онҳо соҳиби ҷойҳои корӣ мегарданд. Вале бештари онҳо идома додани таҳсил барои боло бурдани дараҷаи маълумот ва тахассуси худро баъди хатми коллеҷ мушкил меҳисобанд. Аммо ноил шудан ба он дар пешорӯи онҳо имконоти фарохтари дарёфти корҳои дилхоҳ бо маошҳои баландтарро фароҳам меорад.
Back to Top