Бақайдгирии IMEI дар Тоҷикистон: таҳлилу дастури муфассал
Дар Тоҷикистон Системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилӣ ба кор шурӯъ кард.
То 1 октябри соли 2023 ҳама рамзҳои IMEI-дастгоҳҳои мобилӣ ба таври автоматӣ ва ройгон ба руйхати сафеди системаи давлатӣ ворид шуданд. Ва барои ин дастгоҳҳо зангҳо, смс-паймакҳо, интернет ва USSD-дархостҳо дастрас мебошад.
Вале, пас аз ин сана, яъне шуруъ аз 1 октябр Системаи давлатӣ мавҷудияти эъломия ё декларатсияи воситаи мобилиро тафтиш мекунад. Ва...
1. Агар мол ба таври расмӣ эъломия кунонида бошад, он ба руйхати сафед ворид карда мешавад.
2. Дар сурати ба таври расмӣ ба ҷумҳурӣ ворид нагардидани воситаи мобилӣ, рамзи IMEI он ба руйхати хокистарранг ворид мегардад. Ва хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ (зангҳо, интернет, смс, USSD-дархостҳо) барои чунин таҷҳизот ба муҳлати танҳо 30 руз дастрас мемонад.
3. Агар дар давоми ин муҳлат таҷҳизот барасмиятдарории гумрукиро нагузарад, рамзи IMEI чунин таҷҳизот ба руйхати сиёҳ ворид мегардад ва барои он хизматрасониҳои мобилӣ қатъ карда мешавад.
Чӣ тавр мақоми таҷҳизоти худро метавон фаҳмид, чӣ гуна дар фурӯдгоҳ расмиёти гумрукиро метавон ройгон анҷом дод, чӣ бояд кард, агар дастгоҳи шумо дар яке аз рӯйхатҳо ворид шавад - дар таҳлили муфассали мо бубинед.
Подписывайтесь на наш канал, и посетите наш:
Веб-сайт:
Facebook:
Instagram:
#таджикистан #asiaplus