Гр.Сорбон - Ман киям “Кто же я“ Саундтрек к фильму САРНАВИШТ “Предначертано судьбой“
Гр.Сорбон - Ман киям. Саундтрек барои филми Сарнавишт
Боз мешӯрад дили ман, боз
...меларзад вуҷудам!
Боз мегиряд ғурурам, боз
...менолад сурудам!
[2x]
Гоҳ гарди обшорам, гоҳ
...дарди рӯзгорам!
Гоҳ ба барги гул ғуборам, гоҳ
...борони баҳорам!
Дар ҷаҳони рафту-омад
...бор дорам, ё надорам?
Дар ҷаҳони нақду-насия
...ман чӣ будам, ман кӣ будам? 2x
Гоҳ рӯд мебард сириштам, гоҳ
...доғи сарнавиштам 2x
Гоҳ жӯлидам ба хокам, гоҳ
...мурге аз биҳиштам? 2x
Гарчи ман дар як дили худ сад
...дилеро озмудам
Гарчи ман дар як дили худ сад
...ҷаҳонеро кушудам
Аз нишони хеш метарсамки пурсам:
“Ман кӣ будам, ё набудам?“
Дар ҷаҳони коғазу гил ман
...чӣ бинвиштам, чӣ киштам?
Ман чӣ бинвиштам,