“Аз як оила чанд нафар мурдааст“
Дуруд. Имрӯз дар бораи мавзуи доғи бебарқӣ дар Тоҷикистон суҳбат мекунем, ки гап сари он дар мошину бозору таксиву ҳар ҷойи дигар ва бахусус шабакаҳои иҷтимоӣ дорад. Фавти як оилаи шашнафарӣ аз дуди ангишт ва марги се кӯдаки дигар дар Душанбе ва ҳалокати як оилаи сенафарӣ дар Ҳисор, баҳсро сари лимит ва қатъи нерӯи барқ дар рӯзҳои сард дар Фейсбуку Инстаграмму Ютуб доғтар кард.