ДАРСИ 07 ДАРСҲОИ ЗАБОНИ АРАБӢ, БАРОИ КАСОНЕ, КИ БО ОН ҲАРФ НАМЕЗАНАНД | МАҚСУД ҒАЙБУЛЛОҲ
#Дарси_ҳафтум
Он/Вай ( занона) - تِلْكَ
إسْمُ إشَارَةٍ لِلْمُفْرَدِ الْمُؤَنَّثِ الْبَعِيدِ الْعَاقِل وَ غَيْرِ الْعَاقِل
Он - تِلْكَ : Исми ишора аст, барои муфради (танҳо) муаннаси (занона) барои дури оқил ва ғайри оқил мебошад.
Мисолҳо:
Мардона барои қариб:
هَذَا حُسَيْنٌ
هَذَا قَمِيصٌ
1.Ин - هَذَا - Ҳусейн аст. (оқил)
2.Ин - هذا курта аст (ғайри оқил)
Занона барои қариб:
هَذِه رُقَيَّةُ
هَذِه حَدِيقَةٌ
1. Ин - هذه Руқаййаҳ аст (оқил)
2.Ин - هذه боғ аст (ғайри оқил)
ИСМҲОИ ИШОРАИ ДУР (بعيد):
Мардона:
ذَلِكَ مُؤَذِّنٌ
ذَلِكَ حَجَرٌ
1.Он - ذلك Муаззин аст (оқил, дур)
2.Он - ذلك санг аст (ғайри оқил, дур)
Занона:
تِلْكَ مُمَرِّضَةٌ
تِلْكَ دَجَاجَةٌ
1. Он - تِلْكَ ҳамшира (оқил, баъийд, муаннас)
2. Он - تِلْكَ мурғ (ғайри оқил, баъийд муаннас)