Раҳмон ваъдод, ки бозии Тоҷикистону Лубнонро тамошо хоҳад кард
Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо тими миллии футболи Тоҷикистон аз онҳо хост, барои муаррифии дастаи мунтахаб дар ҷаҳон талош намоянд. Вай гуфт, ҳозира техникаву бозии футболбозон аз давраи қаблӣ сад баробар беҳтар гардидааст.
Вай илова кард, ки имрӯзҳо таваҷҷуҳи ҳам худаш ва тамоми мардуми кишвар ба онҳост.