Jurabek Murodov - Munojot | Ҷӯрабек Муродов - Муноҷот
Эй фалак дод аз ҷафоят дар чӣ ҳолам кардаӣ?!
Рост будам чун алиф монанди долам кардаӣ!
Охир эй гардун, зади санги маломат бар сарам,
Зери пои бешуурон поймолам кардаӣ!
Аз чӣ рӯ, эй чарх, чун ман эътиборат дур бод,
Қуръаи беэътибориҳо ба фолам кардаӣ?!
Аз ту, эй ноҳид, гуфторам навои тоза дошт
В-аз ҳасад, эй чарх, чун Яъкуб лолам кардаӣ!
Оқибат кори ту гар ин буд, эй гардуни дун,
Аз чӣ дар рӯзи азал қисмат камолам кардаӣ?!
Буд дар ойинаи ман акси сад маънӣ дучор,
Занги ғам бар рӯи миръоти хаёлам кардаӣ!
Рӯзгоре буд, ки медодам ба чизе ман навол,
Хуни ҳасрат, эй фалак, охир наволам кардаӣ!
Ҳамдамонам нокасони гӯлу аз дониш тиҳӣ,
Сӯҳбати донишварон амри муҳолам кардаӣ!
Дар ҳавои мушикофи Туғралам пар мезанад,
То ту эй гардун, маро дур аз висолам кардаӣ!
Туғрал Аҳрорӣ