дарси 03 Омӯзиши забони арабӣ барои касоне ки бо он ҳарф намезананд | Мақсуд Ғайбуллоҳ
Омӯзиши Забони Арабӣ:
ال - Алиф ва Лям
ال: حَرْفُ تَعْرِيفٍ
« ال » - Ин ҳарфи таърифи мебошад, ки ҷумларо муайян (маърифа) мекунад
📝 Мисолҳо:
بَيْتٌ - الْبَيْتُ مَسْجِدٌ - الْمَسْجِدُ
💡 Агар хуб назар кунед калимаи «хона» ( байТУН - ٌبَيْت) дар охираш танвин ( ٌ - тун) аст ва дар дигар калимае, ки ( ال ) часпид (байТУ - ُ ) шуд, яъне танвин кутоҳ шуд ( ُ )
📌 Дар хотир доред, ки агар дар калимаҳои (нокира) НОмуайян ال - Алиф ва Лям дарояд, танвин дамма ُ мешавад.
Калимаҳои номуайян ( нокира ) чист ?
Он калимест, ки ال надорад ба монанди:
بَيْتٌ مَسْجِدٌ قَلَمٌ
📝 Мислоҳо:
❗️охири ҳаракатҳоро аҳамият диҳед, ки дар кадом вақт алиш мешаванд❗️
✅
Қалами шикаста - الْقَلَمُ مَكْسُرٌ
Дари кушода - ٌ الْبَابُ مَفْتُح
Писарак нишаста аст - ٌالْوَلَدُ جَالِس
❌
Қалам ( тарзи маърифа ) - ٌألْقَلَم
Қалам ( тарзи нокира ) - قَلَمُ
Писарак нишаста аст - ُالْوَلَدٌ جَالِس
#дарси_сеюм
📌 Барои фоида..
Маърифа (муайян)-ро мегуянд.
Нокира (номуайян)-ро мегуянд.
📝 Калимаҳои ҷадид…
Варақ - وَرَقٌ
Шикаста - مَكْسُرٌ
Нишаста - جَالِسٌ
Росто истода - واقِفٌ
Нав - ٌجَدِيد
Куҳна - ٌقَدِيم
Моҳтоб - ٌقَمَر
Чиркин - ٌوَسِخ
Тоза - ٌنَظِيف
Гарм - ٌّحَار
Хунук - ٌبَارِد
Кушода - ٌمَفْتُوح
Вазнин - ٌثَقِيل
📝 Калимаҳои ҷадид…
Хурд - صَغِيرٌ
Калон - كَبِيرٌ
Сабук - خَفِيفٌ
Зебо - جَميِلٌ
Донишҷӯй - طاَلِبٌ
Дур - بَعِيدٌ
Ширин - حُلْوٌ
Мариз - مَرِيضٌ
Сарватманд - غَنِيٌّ
Фақир - فَقِيرٌ
Бомазза - لَذِيذٌ
Дароз - طَوِيلٌ
Ҳарфҳои қамари ва шамси.
Ҳарфои қамари : Сукун дар болои Лям ل гузошта ва талаффуз карда мешавад : ُالْقَمَر
Ҳарфҳои шамси : Сукун дар болои Лям - ل талаффуз карда НАмешавад, шадда-ро дар ҳарфи баъди он (ل) мегузорем: الشَّمْسُ
📝 Калимаҳои ҷадид..
Кутоҳ - قَصِيرٌ
Дукон - دُكَّانٌ
Себ - تُفَّاحَةٌ
Падар - أبٌ
Биҳишт - جَنَّةٌ
Нон - خُبْزٌ
Чашм - عَيْنٌ
Таоми пешин - غَدَاءٌ
Даҳон - فَمٌ
Ҳаво - هَوَاءٌ
Даст - يَدٌ
Либос - ثَوْبٌ
Тилло - ذَهَبٌ