Дарси 09 ШАРҲИ ДАРСҲОИ ЗАБОНӢ АРАБИ, БАРОИ КОСОНЕ, КИ БО ОН ҲАРФ НАМЕЗАНАНД. ҶУЗЪИ ЯКУМ

Омӯзиши Забони Арабӣ: #Дарси_нуҳум النَّعْتُ , والْمَنْعُوتُ Сифат ва сифатшаванда النَّعْتُ - Сифат الْمَنْعُوتُ - Сифатшаванда هذا الرَّجُلُ الْكَرِيمُ طَبِيبٌ Ин Марди карим табиб аст. Сифатшаванда ( النَّعْتُ) мард( الرَّجُلُ) Сифат ( الْمَعْنُوتُ ) Карим (الْكَرِيمُ) عَبَّاسٌ تَاجِرٌ غَنِيٌّ Аббос тоҷири бой аст غَنِيٌّ - Сифат تَاجِرٌ - Сифатшаванд Сифат النَّعْتُ дар ҳамаи ҳолат пайрави ба сифатшаванда (الْمَنْعُوتُ) мекунад ва барои комил карданаш хизмат мекунад. Сифат дар ҳама ҳолат итоат мекунад: 1). Дар эъроб 2). Дар накира ва маърифа 3). Дар музаккар ва муаннас 4). Дар муфрад ё мусанно ва ҷамъ الَّـذِي - Онеки (который) إسْمُ مَوصُول ٌ لِلْمُفْرَدِ الْمُذَكَّرِ الْعَاقِلِ وَ غَيْرِ الْعَاقِلِ Исми мавсула (васл) барои муфради (танҳои) музаккари (мардона) оқил ва ғайри оқил истифода бурда мешавад. Мисолҳо барои оқил. الطَّالِبُ الَّذى خَرَجَ مِنَ الْهِنْدِ Толибе, ки баромад ӯ аз Ҳиндустон аст. مَنِ الْوَلَدُ الصَّغِيرُ الَّذى خَرَجَ Кӯдаки майдае, ки баромад ки аст ? الْمُدَرِّسُ الَّذى جَلَسَ عَلَى الْكُرْسَيُّ جَدِيدٌ Мударрисе, ки дар курси нишастааст, нав аст. Мисолҳо барои ғайри оқил: الْكِتَابُ الَّذى عَلَى الْمَكْتَبِ لِلْمُدِيرِ Китобе, ки дар болои парта аст , аз они мудир мебошад. لِمَنِ الْقَلَمُ الَّذى عَلَى الْمَكْتَبِ ؟ Аз они кист қаламе, ки дар болои парта аст? الْبَيتُ الْكَبِيرُ الَّذى في الشَّرعِ لِلْوَزِيرِ Хонаи калоне, ки дар кӯча аст, аз они мудир мебошад.
Back to Top